Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Аз тапидан хона бар дӯши фано дорад ҳубоб,

Аз тапидан хона бар дӯши фано дорад ҳубоб, Лангари киштӣ, ту гӯӣ, аз ҳаво дорад ҳубоб! Дам ба дам аз шавқ чун девонаи дашти ҷунун Аз шикати мавҷ занҷире ба по дорад ҳубоб! Кас набошад дар тариқи ишқ муҳтоҷи далел, Кай дар ин амвоҷ фикри нохудо дорад ҳубоб? Ҷуз сабукборӣ набошад роҳати озодагон, Пушт андар кӯҳ доим аз садо дорад ҳубоб! Ҳар замон дар мотами ғафлдатпарастони ҷаҳон Чун чароғи шоми ҳаҷрат гиряҳо дорад ҳубоб! Зинҳор, аз нолаи ин зеру бам ғофил мабош, Дар паси ойина чандин нағмаҳо дорад ҳубоб! Ҳайрате дорам, ки Туғрал, баҳри як дам зиндагӣ Ин кулоҳи фахр бар сар аз куҷо дорад ҳубоб?!