Дар васияти подшоҳон
Шунидаам зи ҳакиме, ки подшоҳонро,
Ба чанд тоифа бояд кушуд роҳи висол.
Ҳама ҳунарвару донишпажӯҳу динпарвар,
Ҳама суханвари санҷ идаву малеҳмақол.
Дигар мусаввири Беҳзоддасту Моникилк,
Ки нақшаи фалаку арзро кашад тимсол.
Вуҷуди ҳар як аз ин қавм зеби мамлакат аст,
Ҳузури ҳар як аз ин фирқа мулкрост ҷамол.
Касе, ки ҷамъ кунад ин фунун зи бахти баланд,
Ба чанд ротиба лойиқ бувад ба-д-ин минвол!
