Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Гаҳе оташ, гаҳе обам, гаҳе сулҳам, гаҳе ҷангам

(ғазали Дониш дар пайравӣ ба Ҷомӣ) Зи чашмаш мастаму аз он даҳан чун ғунча дилтангам, Ба-д-он мӯи миён роҳе наёбад синаи сангам. Расидан кай бувад мумкин аз ин қонун, ки ман дорам, Ба кӯ шиш нолаҳои арғунуни нағмаи чангам. Ба лутфам хоҳбинвозад, ба қаҳрам хоҳбигдозад, Ба ҳар ранге, ки пардозад, дар ин гулзор якрангам. Дар ин саҳрои бесомону ин куҳсори навмедӣ, Ба Маҷнун ҳамдаму ҳамсӯз, бо Фарҳод дар ҷангам. Фитодам дар сувайдои хаёлаш, чашми он дорам, Ки шояд даст гирад ногаҳон он зулфи шабрангам. Навои нолае дорам, ки қонунаш намедонам, Куҷоҳо то барад ин нағмаи бепарда оҳангам. Кулоҳи фақр дорам аз шикасти ранги таъмираш, Ба тахти бехудӣ биншаста мустағнӣ зи аврангам. Дар ин майхонаи ибрат ба ҳар ранге, ки мехонӣ, Гаҳе оташ, гаҳе обам, гаҳе сулҳам, гаҳе ҷангам. Биё Дониш, ки ёри дилнишин қасди сафар дорад, Ман ин ҷо бод мехонам, ки аз пай мебарад рангам.

Китобҳои муаллиф