Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай чархи айбҷӯям в-ай сақфи пурситезам

Ай чархи айбҷӯям в-ай сақфи пурситезам, То кай ба гӯша-гӯша аз макри ту гурезам? Ай чархи ҳамчу зангӣ, хунхораи халойиқ, Ман абри ҳамчу хунам, бар ту чаро нарезам?! Ай дил бисӯз хуш-хуш, магрез аз ин ду оташ, К-ин аст бар ту воҷиб, к-ойӣ ба нори тезам! Мақсуд нур омад, олам танӯр омад, В-ин ишқ ҳамчу оташ в-ин халқ ҳамчу ҳезум! Ҳамчун Халили Яздон парвонавор шодон Дар оташат нишастам, то ҳашр барнахезам!