Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ШАРИКИ ШАЁТИН

Кабӯтарони сафеди сахӣ! Чӣ пеш омад? Ки зоғҳои сияҳ хобатон парешон кард, Чӣ шуд, ки рӯбаҳи маккори ҷилгаҳои ҷануб, Сари буридаи гурги шимол ёдаш рафт Ва дар қаламрави шерон хаёли ҷавлон кард. Фариштаҳои сафеди мазори ҳазрати шоҳ, Ба номи сураи «Асҳоби фил» бархезад, Ва сангрезаи дӯзах, Ба фарқи лашкари тоғутиён фурӯ резад, Ки девро ба мурувват фаришта натвон кард, Зи ман ба муҳтасиби чӯби дин дар даст, Бигӯ хароб шавӣ! Шудӣ шарики шаётину тохтӣ бар мо, Ки расму роҳи шариат ба мо биёмӯзӣ, Агар ҳақоиқи таърих шуд фаромӯшат, Катибаҳои сари гӯр рафтагонатро, Бирав ба Ғӯр бихон, Ки аз ҳақоиқи дирӯзу бидъати имрӯз, Зи хиҷлат об шавӣ, Падарбузурги туро ҷадди ман мусалмон кард.