Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ЗИНДАВОР

Чӣ ғариб мондӣ, эй дил? На ғаме, на ғамгусоре, На ба интизори ёре, на ба ёри интизоре. Ғам агар ба кӯҳ гӯям бигурезаду бирезад, Ки дигар ба ин гаронӣ натавон кашид боре. Чӣ чароғ чашм дорад дилам аз шабону рӯзон, Ки ба ҳафт осмонаш на ситораест боре. Дили ман, чӣ ҳайф будӣ, ки чунин зи кор мондӣ, Чӣ ҳунар ба кор бандам, ки намонд вақти коре? Нарасид он маҳе, ки ба ту партаве расонад, Дили обгина бишкан, ки намонд ҷуз ғуборе. Ҳама умр чашм будам, ки магар гуле бихандад, Дигар, эй умед, хун шав, ки фурӯ халид хоре. Саҳарам кашида ханҷар, ки чаро шабат накуштаст? Ту бикуш, ки то наяфтад дигарам ба шаб гузоре. Ба сиришки ҳамчу борон зи барат чӣ бархӯрам ман, Ки чу санг тира мондӣ ҳама умр бар мазоре? Чу ба зиндагон набахшӣ ту гуноҳи зиндагонӣ, Бигузор то бимирад ба бари ту зиндаворе. На чунон шикаст пуштам, ки дубора сар барорам, Манам он дарахти пире, ки надошт баргу боре. Сари бепаноҳи пирӣ ба канор гиру бигзар, Ки ба ғайри марг дигар накушоядат каноре. Ба ғуруби ин биёбон бинишин ғарибу танҳо, Бинигар вафои ёрон, ки раҳо кунанд ёре.