АЗ ГАНГ ТО КРЕМЛ
Ман ҳасад мебарам ба ҳиндуе,
Ки ба уммеди рӯзи некӯе
Тарк бинмуд зодгоҳашро,
Манзилашро, ҷалолу ҷоҳашро.
Шарқсанҷию ғарббинӣ кард,
Дар ғами Ҳинд шабнишинӣ кард.
Ҳиндуе, ки ба ёди истиқлол
Пеш мерафту марг аз дунбол.
Ҳиндуе, ки ба боргоҳи Кремл
Омад аз Ҳинд дар паноҳи Кремл.
Ҳиндуе, ки расид аз раҳи дур
То ба қасри Кремл – қасри нур.
Меҳмон дар ҳузури Ленин шуд,
Ҳамнишин, ошнои дерин шуд.
Ман ҳасад мебарам ба марди ҳинд,
Ки ба Ленин бигуфт дарди Ҳинд.
Дасти ӯро гирифту сахт афшурд;
Арзи Ҳиндустон ба ӯ биспурд.
Ҳиндуе, ки дар изтироб афтод,
Дар дили баҳр чун ҳубоб афтод.
Қатра шуд, рӯд шуд, равон гардид,
Садшикан сели бекарон гардид.
Ҳиндуи порсо, дуогӯе,
Шуд мубаддал ба шахси ҳакҷӯе.
Зад қадам аз ҷануб то ба шимол,
Ёфт роҳи Кремли некаъмол.
Ҳиндуе, ки дар остони Кремл
Рӯ ба рӯ шуд ба посбони Кремл.
Ҳиндуе, ки нишаста бо Ленин,
Гуфт озод ғуссаи дерин.
Ҳиндуе, ки шунид ҳарфи «рафиқ»
Аз худи Ленин – одами мушфиқ.
Ман ба ин ҳиндуи саодатманд,
Хондам аҳсант бо садои баланд.
Уфтодам ба ҷустуҷӯи он,
Ба суроғи диёру кӯи он.
Дидани рӯяш орзӯ кардам,
Ҳиндуи хеш ҷустуҷӯ кардам.