Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Тоҷик Астам

Тоҷик астам, Тоҷик астам, Рези санги кӯҳсорам, Бо замини камзаминам Ноз дорам, Фахр дорам. Тоҷик астам, Тоҷдорам, Тоҷи ман кӯҳи баланд аст, Теғаи гардункулоҳаш Теғаи рӯҳи баланд аст. Қад кашам сӯйи кавокиб Чун ситеғи кӯҳи саркаш, Бо сари пур аз хаёле, Бо дили дарёи оташ. Тоҷик астам, Мепарастам Лаҳни ширини дариям, Саҷда орам чун ба модар Сӯйи лафзи модариям. Тоҷик астам, Пеши дунон Хам сари худро наёрам, Нангу номуси ниёгон Дар ниҳоди хеш дорам. Шеракам, Темурмаликам, Восеи гарданфарозам, Бо бадон ҳаргиз мадоро Менасозам, Менасозам. Ҷо диҳам дар хонаи чашм

Китобҳои муаллиф