Оби Равон
Оби равон,
Давон-давон,
Бозикунон,
Шодикунон,
Биё, биё,
Аз паси ман,
Қафо намон,
Оби равон!
Боғ барам ҷӯйи ба ҷӯ,
Майда кунам мӯйи ба мӯ.
Себ хӯрад, нок хӯрад,
Биҳӣ хӯрад, ток хӯрад,
Тути хами хона хӯрад,
Анори бедона хӯрад,
Қад кашаду бор диҳад,
Меваи бисёр диҳад.
Ман хӯраму калон шавам,
Мардаки боғбон шавам!
Оби равон,
Давон-давон,
Бозикунон,
Шодикунон,
Биё, биё,
Аз паси ман,
Қафо намон,
Оби равон!
