Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Он ки бе бода кунад ҷони маро маст, куҷост?!

Он ки бе бода кунад ҷони маро маст, куҷост?! В-он ки берун кунад аз ҷону дилам даст, куҷост?! В-он, ки савганд хурам, ҷуз ба сари ӯ нахурам, В-он ки савганди ману тавбаам ишкаст, куҷост?! В-он ки ҷонҳо ба саҳар наъразанонанд аз ӯ, В-он ки моро ғамаш аз ҷой бибурдаст, куҷост?! Ҷони ҷон аст вагар ҷой надорад, чи аҷаб?! Ин ки ҷо металабад дар тани мо, ҳаст, куҷост?! Ғамзаи чашм баҳона-ст в-аз он сӯ ҳавасест, В-он ки ӯ дар паси ғамза-ст, дилам хаст, куҷост?! Пардаи равшани дил басту хаёлот намуд В-он ки дар парда чунин пардаи дил баст, куҷост?! Ақл то маст нашуд, чуну чаро паст нашуд, В-он ки ӯ маст шуд, аз чуну чаро раст, куҷост?!