РАМЗИ ЗИНДАГӢ
Маро дар даҳр чун барқи сабуксайр,
Таваққуф дар раҳи ҳастӣ набошад.
Ҷаҳонро аз ҷунуни хеш сӯзам,
Агар шармам зи бадмастӣ набошад.
Зи мавҷ омӯз рамзи зиндагонӣ,
Баландӣ нест, то пастӣ набошад.
Ба зоҳид ҷоми май зоеъ магардон,
Ки он сар дар х(в)ари мастӣ набошад.
Заифон зери бори ғам намиранд,
Агар зулму забардастӣ набошад.
Ба лабханде наярзад умри Фонӣ,
Гараш ин шӯру ин мастӣ набошад.