НОЗ ВА НӮШ
То хаёли дилкашат гул рехт дар оғӯши чашм,
Сад баҳорам нақш зад бар пардаи гулпӯши чашм.
Мардуми бегонаро ёрои дидори ту нест,
Хуфтаӣ чун рӯшноӣ гарчи дар оғӯши чашм.
Вақти он омад, ки соғар пур кунем аз хуни дил,
К-аз маи лаълат тиҳӣ шуд ҷоми ҳасратнӯши чашм.
Чашму дил нодида бар он ҷисми пинҳон ошиқанд,
Офарин бар биниши дил, офарин бар ҳӯши чашм.
Оташи рухсора равшан кун шабе, эй барқи ишқ,
То чароғе барканам дар хонаи хомӯши чашм.
Муждаи дидор меоранд, ё пайғоми дӯст?
Ашки шавқ имшаб чӣ мегӯяд ниҳон дар гӯши чашм?
Мерасад ҳар субҳ бонги дилнавозат, нози гӯш,
Мекашам ҳар шаб шароби чашми мастат, нӯши чашм.
Дар ғубори роҳи ӯ, эй Соя, бино шав, ки ман
Миннати сад тӯтиё дорам аз ӯ бар дӯши чашм.