Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ҲАҶМИ СИЁҲӢ

Ғамат мудом муқими дили табоҳи ман аст, Чу муршиде, ки аз ӯ гарм хонақоҳи ман аст. Зи боргоҳи шаҳон чашми илтифотам нест, Гадои ишқаму чашми ту подшоҳи ман аст. Чӣ гуна бе ту бимонам, ки дар басити замин, Касе ба ҷуз ту надорам, Худо гувоҳи ман аст. Ба ҳақшиносии риндони покбоз қасам, Ки хоки кӯи харобот саҷдагоҳи ман аст. Ба таъна зоҳиди бадҷинс бепаноҳам хонд, Худои ишқ садо зад, ки дар паноҳи ман аст. Зибас ки ҳаҷми сиёҳӣ тану тавонам сӯхт, Фурӯғи субҳи гумонам зи барқи оҳи ман аст.