Ҳарфам ҳама аз мағз аст, в-аз пӯст намегӯям,
Ҳарфам ҳама аз мағз аст, в-аз пӯст намегӯям,
Онро ки ба ҷуз ман нест, ман «ӯст» намегӯям.
Асрори камоҳиро
таъвил намебошад,
Сарро сару поро по, зонуст намегӯям.
Зарф аст ба ҳар сурат оинаи истеъдод,
Дар кӯза агар об аст, дар ҷӯст намегӯям.
Маъниназарон дуранд аз ваҳми ғалатфаҳмӣ,
Норинҷи зақан себ аст, лимӯст намегӯям.
Айбу ҳунари ин базм ифшогари асрор аст,
Ҳарчанд гули чашм аст, бебӯст намегӯям.
Ман ҳам ба дари инсоф аз феъли худ огоҳам,
Гӯ, ғайр бадам гӯяд, бадгӯст намегӯям.
Гар сафҳаи офоқ аст ё оинаи афлок,
То пушту рухе дорад, якрӯст намегӯям.
Ҷоҳу ҳашами дунё нанг аст зи сар то по,
Чинӣ чу сари фағфур бемӯст намегӯям.
Лабрези фано бояд, то дил ҳамаро шояд,
Ногашта тиҳӣ аз худ, мамлӯст намегӯям.
Гар шубҳаи таҳқиқам з-ин дашт сиёҳӣ кард,
Лайлӣ ба назар дорам, оҳуст намегӯям.
Оини муҳаббат нест савдои дуӣ пухтан,
Ман Бедили худро ҳам ҷуз дӯст намегӯям.