Мо – бӯяву армони ӯ,
Мо – бӯяву армони ӯ,
Мо – чораву дармони ӯ,
Дирӯзи фахрангези ӯ,
фардои тобони ваем.
То тору пуди ҷони мо
аз тору пуди тоҷик аст,
Дар ҳасрати Сомониён
имрӯз сомони ваем.
Фарзанди ин миллат туӣ,
фарзанди ин миллат манам!
Пайванди ин миллат туӣ,
пайванди ин миллат манам!
Сад пораи ҷони варо
якпора бояд сохтан –
Савганди ин миллат туӣ,
савганди ин миллат манам!
Қавми мурувватпешае,
қавми адолатпарваре,
Қавми Авестодошта,
сар бар фалак афрошта,
Бар Рӯдакӣ дода забон,
Фирдавсиро – фарри каён,
Тиру камон бигзошта,
ганҷи хирад анбошта.
Фарзанди ин миллат туӣ,
фарзанди ин миллат манам!
Пайванди ин миллат туӣ,
пайванди ин миллат манам!
Сад пораи ҷони варо
якпора бояд сохтан –
Савганди ин миллат туӣ,
савганди ин миллат манам!
То дину имон дорад ӯ,
ризқи фаровон дорад ӯ,
То некияш ойин бувад,
ҳамболи ӯ шоҳин бувад.
Кӯҳи баландаш як тараф,
рӯҳи баландаш як тараф,