Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ШОДБОШ

Хезу сафо кун, ки мурдаи саҳар омад, Чашми ту равшан, Боғи ту обод, Даст марезод. Ҳиммати Ҳофиз ба ҳамраҳи ту, ки охир Даст ба коре задию ғусса саромад. Бахти ту бархост, Субҳи хандид. Аз нафасат тоза гашт оташи умед, Ваҳ, ки ба зиндони зулмати шаби ялдо, Нур зи хуршед хостию баромад. Гул ба канор аст, Бода ба кор аст. Гулшану кошона пур зи шӯри баҳор аст, Булбули ошиқ бихон ба коми дили хеш, Боғи ту шуд сабзу сурхгул ба бар омад. Ҷоми ту пурнӯш, Коми ту ширин, Рӯзи ту хуш бод! «К-аз паси он рӯзгори талхтар аз заҳр, Бори дигар рӯзгори чун шакар омад». Разми ту пирӯз, Базми ту пурнур! Ҷом ба ҷоми ту мезанам зи раҳи дур, Шодии он субҳи орзу, ки бубинам. Бум аз ин бом рафту хушхабар омад.