ПАЁМИ ХАЛҚ
Қаҳрамон фарзанди мо, бишнав саломи халқро,
Гарму ҷӯшон ҳам салому ҳам паёми халқро!
Халқ гуфтат, ки раву душман намо зеру забар,
Бар замин ҳаргиз намондӣ ту каломи халқро.
Халқи мо то осмон номи ту месозад баланд,
Эй писар, кардӣ баланд азбаски номи халқро.
Ҳар кӣ шаъну эътибори халқро ҳурмат кунад,
То абад арзанда гардад эътибори халқро.
Беҳтару маҳбубтар фарзанд будӣ, ки чунин
Пур намудӣ аз шароби меҳр ҷоми халқро.
Ҷанг кун, мардона душман куш, ситон, эй шермард,
Аз фритси охирин ҳам интиқоми халқро.