Тасаллӣ ку, агар манзурат асбоби ҳавас бошад?
Тасаллӣ ку, агар манзурат асбоби ҳавас бошад?
Надорад барги роҳат, ҳар киро дар дида хас бошад.
Зӣ ҳастӣ ҳар чӣ андешӣ, ғубори дил муҳайё кун,
Кусуфи офтоб оинаи арзи нафас бошад.
Дар ин маҳфил ҳаё кун, то гулӯи нола нахрошӣ,
Нафас ҳам камхурӯше нест, гар фарёдрас бошад.
Намегирад ба ғайр аз дасту теғу домани қотил,
Маро дар кӯчаҳои захм ранги хун асас бошад.
Чӣ имкон аст мову ҷуръати парвози гулзорат?
Нигоҳи оҷизонро сояи мижгон қафас бошад.
Наболидем бар худ заррае дар арзи пайдоӣ,
Ғубори мо мабод, афшондаи боли магас бошад.
Ба дил вомондаӣ, аз лофи мовуман табарро кун,
Муқими хонаи оина бояд бенафас бошад.
Чӣ лозим танг гирад осмон арбоби маъниро?
Шиканҷи мо ҳамон мазмун, ки натвон баст, бас бошад.
Макун сози иқомат, то ғубори хеш нашкофӣ,
Нафас пар мефишонад, шояд, овози ҷарас бошад.
Шикасти ранги уммедест сар то пои мо, Бедил,
Зи сайри мо машав ғофил, агар ибрат ҳавас бошад.