Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад?
Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад?
Ғайри ташвиш чӣ маънӣ дорад?
Одамӣ – хирс, чӣ зулм аст охир?
Марди ҳақ-меш, чӣ маънӣ дорад?
Ҳазар аз зоҳиди мисвокбасар,
Ақрабу неш чӣ маънӣ дорад?
Даъвии пуч ба ин сомон риш
Наравад пеш, чӣ маънӣ дорад?
Як нахуд каллаву даҳ ман дастор,
Ин каму беш чӣ маънӣ дорад?
Шайх бар арш напаррад, чӣ кунад?
Ғайри пар риш чӣ маънӣ дорад?
Бедил, ин ҷо ҳама риш асту фаш аст,
Маслаку кеш чӣ маънӣ дорад?