ДУОҲО АЗ РОҲҲО
Ман мегузарам аз роҳ,
дӯшизаи қашанге,
лоба мекунад,
то ба манзилаш бибарам,
рад мекунам хоҳиши варо,
зеро
бори малоҳаташро
мошини ман
наметавонад бикашад...
Ман мегузарам аз роҳ,
Масте афтону ғалтон
бо чашмони хуморбаста
дудаста
тавалло мекунад,
рад мекунам хоҳиши варо,
зеро
накӯии ман
дар ёди ӯ нахоҳад монд.
Ман мегузарам аз роҳ,
марди ғалчае
пурбадане
шикамдамидае,
ки пайкари пурсалобаташ
як хиёбонро пур мекунад,
ва дуди сигораш
ҳола бар моҳ мезанад,
даст мебардорад,
то ба манзилаш бибарам,
рад мекунам хоҳиши варо,
зеро
ӯ ҷӯёи роҳе нест,
ӯро аз дардҳои инсонӣ
дар ҷигар оҳе нест...
Ман мегузарам аз роҳ,
зане обастан
мисли завҷаи ман
тифле дар бағал
сарбори он