Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ҚАСИДАЕ БАРОИ САПЕДА

Сапеда! Ин номи мустаори туст барои дили ман, барои шеъри ман, зеро номи туро наметавонам бигӯям ошкоро; зеро муҳити мо – муҳити Душанбе – шаҳри хурди ишқи бузургон надида барои ишқи бузург ё ишқи бузургон омода нест мисли он, ки ҳар сол мебинем барои рафъи филборонҳо, селҳо, барфҳои лаклакии ғайриинтизор омода нест. Дар ин шаҳри ҷавон, бе манораҳои баланд бе бурҷу бораҳои баланд ҳоло ману ту ду манораем, ки мардум мебинанд аз дуру наздик; тамошояш меоянд ҳар рӯз. Маломат мекунанд, буҳтон мезананд ману туро – ғофил аз лаззати сармади ишқ, аз шукӯҳи давлати ишқ, аммо бештар аз ману ту орзуманди он ё бадномшуда ва нангхурдаи он... Сапеда! Ин номро ишқи ман барои ту гузошт, зеро як шуълаи андомат