Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Баски ёди қоматат бар бод дод аҷзои сарв,

Баски ёди қоматат бар бод дод аҷзои сарв, Нолаи қумрӣ шуд охир қадкашиданҳои сарв. Чидани доман дар ин гулшан гули озодагист, Кист, то фаҳмад забони офиятимои сарв? Матлаби озодагиҳо пур баланд афтодааст, Оламе хам шуд ба фикри бори нопайдои сарв. Боғбонон қадри озодӣ надонистанд, ҳайф, Нола боистӣ дар ин гулшан нишондан ҷои сарв. Бодаро дар домани мино баҳоре дигар аст, Об дорад обрӯ, то меравад дар пои сарв. Шуълаи идрок хокистаркулоҳ афтодааст, Нест ғайр аз боли қумрӣ пунбаи минои сарв. Баски мавзунон зи шарми қоматат гаштанд об, Сурати фаввора бояд рехт аз аҷзои сарв. Ин қадар раъно намеболад ниҳоли ин чаман, Сояи нахли кӣ афтодаст бар болои сарв? Пой дар занҷиру дарси гуфтугӯ озодагӣ? Бедил, ин сатри такаллуф нест ҷуз иншои сарв.