Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

СУЛТОНИ БАҲОР

Эй дида, тамошо кун, он гумшуда ёр омад, Помоли хазон будем, султони баҳор омад. Он карда маро дилхун, баргашту нишот овард, Он рафта канор аз ман, бозам ба канор омад. Дар мақдами ӯ сабза аз дашту даман ҷӯшид, Аз ҷилваи ӯ шодӣ дар шаҳру диёр омад. Он булбули хушилҳон пар зад ба канори гул, В-он ҳудҳуди саргардон бар шохи чинор омад. Ҳар қатра, ки чашм афшонд, гулҳои тараб рӯид, З-он гиря, ки мекардем, бингар, ки чӣ бор омад? Эй зулмати шаб, гум шав, хуршед намоён шуд, Сармои зимистон, гӯ, бигрез, ки нор омад. Аз гармии рухсораш боли нигаҳам сӯзад, Он рашки баҳорон, бин, гул рафту шарор омад. Чун лола зи оғӯшам сӯзанда шарар хезад, Бозам ба назар, Фонӣ, он лолаузор омад.