Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ДЕВОР

Пушти ин кӯҳи баланд, Лаби дарёи кабуд, Духтаре буд, ки ман Сахт мехостамаш. Ва ту гӯӣ, ки Голӣ, Офарида шуда буд, Ки манаш дӯст бидорам пуршӯр Ва маро дӯст бидорад ширин Ва шумо медонед, Оҳ, эй ахтаракони ширин. Ва шумо медонед, Оҳ, эй ахтаракони хомӯш, Ки чӣ хушдил будем, Ману ӯ масти шакархоб будем. Ва чӣ хушбахтии пок, Дар нигоҳи ману ӯ механдид. В-инак, эй духтаракони ғаммоз, Гар на лоледу на гунг, Бикушоед забон. Ва бигӯед, ки аз як буҳтон, Чун шуд ин чашми ғуборолуда, Ва миёни ману ӯ, Инак, ин дашти бузург, Инак, ин роҳи дароз, Инак, ин кӯҳи баланд...