Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ЧАНДУМИН ҲАЗОР УМЕДИ БАНИ ОДАМ

Гуфтам, ки муждабахши дили хуррам аст ин, Маст аз дарам даромаду дидам ғам аст ин. Гар чашм боғи гиряи торики ман надид, Эй гул, зи беситорагии шабнам аст ин. Парвона болу пар заду дар доми хеш хуфт, Поёни шоми пиллаи абрешам аст ин. Боз ин чӣ абр буд, ки моро фурӯ гирифт? Танҳо на ман, гирифтагии олам аст ин. Эй даст бурда дар дилу динам, чӣ мекунӣ? Ҷонам бисӯхтию ҳанӯзат кам аст ин. Як дам нигоҳ кун, ки чӣ барбод медиҳӣ? Чандумин ҳазор умеди бани Одам аст ин. Гуфтӣ, ки шеъри Соя дигар ранги ғам гирифт, Оре, сиёҳҷомаи сад мотам аст ин.
ЧАНДУМИН ҲАЗОР УМЕДИ БАНИ ОДАМ | Шоирон