Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ХУШНУДАМ КУНЕД

Дар хазон пайки баҳор омад, ки хушнудам кунад, Дар бало дастам бигирад, фикри беҳбудам кунад. Боди пойизӣ зи ҳар сӯ тунд бар ман мевазад, То дарахти ҳастиямро сӯзаду дудам кунад. Ман, вале з-ин бодҳо ҳаргиз намеҷунбам зи ҷой, Он ки будам гард рӯзе, боз нобудам кунад. То нафас боқист нагзорам садои боли марг, Талх бар ман лаҳзаҳои хуб мавҷудам кунад. То нахоҳад дӯст, садҳо бор гар ояд аҷал, Дар миёни издиҳоми шаҳр мафқудам кунад.