ЭЙ ТАБЪИ ОТАШБОР
Ба устод Айнӣ
Хома то фармонбарат, эй табъи оташбор, шуд,
Рӯ ба зидди боргоҳу даҳшату дарбор шуд.
Фош кард ӯ ҳилаву асрори макри душманон,
Хонумонсӯзи адуву ҷуббаву дастор шуд.
Ӯ ба дунёи куҳан монанди шер исён намуд,
Дасти мазлуми ситамкашро гирифту ёр шуд.
Духтари тоҷик то бишнид арзи хомааш,
Чеҳрааш хандону рахшон чун рухи гулнор шуд.
Гашт дармону давои дарди ҳар бечорае,
Лек теғе бар гулуи душмани маккор шуд.
Ҳар нидои ӯ чунин парвоз дорад сӯи Шарқ,
Ҳоли сайёдони Ҳинду Чин аз он душвор шуд.
Бин, чӣ сон дар рӯзҳои ҷашни устоди бузург
Ранҷбар бо ӯ қарини суҳбату дидор шуд.