Баъд аз ин аз суҳбати ин девмардум рам кунам,
Баъд аз ин аз суҳбати ин девмардум рам кунам,
Ғӯл чанде дар биёбон парварам, одам кунам?
Дар мизоҷи бадрагон ҷуз фуҳш кам дорад асар,
Захми сагро бе луоби саг чӣ сон марҳам кунам?
Оламе ранҷи таваққуъҳои беҷо мекашад,
Кӯси шуҳратинтизорон бишканам ё нам кунам?
Чун хабис афтод табъ, аз таъни хубсаш нанг нест,
Хукро ҳалво кашам дар пеш, то мулзам кунам.
Бо фасоди ҷавҳари зотӣ чӣ пардозад салоҳ?
Одамият ку, агар аз хирс мӯе кам кунам?
Ҳарзакориҳо дар ин дилмурдагон аз ҳад гузашт,
Баъд аз ин он беҳ, ки гар коре кунам, мотам кунам.
Хеҷам, аммо дар тилисми қудрати найранги даҳр
Чун адам коре ки натвон кард, агар хоҳам, кунам.
Санъате дорад хаёли ман, ки дар як дам задан
Оламеро зарра созам, зарраро олам кунам.
Ҳукми тақдире дигар дар пардаи килки ман аст,
Ҳар лаимеро ки хоҳам, бе карам Ҳотам кунам.
Нанги ҳиммат гар набошад пучбофиҳои ваҳм,
Бар саморуқе
нависам ҷоҳу чатри Ҷам кунам.
То хиҷолат бишканад боди бурути саркашӣ,
Мӯи чинӣ бар аламҳои шаҳон парчам кунам.
Аз сафо оинадори як ҷаҳон дил мешавад,
Сангу хиштеро ки ман бо нақши худ маҳрам кунам.
Баски дар сози каломам файзи огоҳист ом,
Маҳрами инсоф гардад, гар касеро зам
кунам.
Ибратэҷод аст, Бедил, тангии оғӯши шарм,
Бе гиребон нестам, ҳарчанд мижгон хам кунам.