ЁДГОРИ БЕНАЗИР
Бо ду дасти қаҳрамонхалқи кабир
Сохтем ин ёдгори беназир.
Ёдгоре, ки аз он боғи башар
Мешавад серобу мебахшад самар.
Ёдгоре, ки бинояш маҳкам аст,
Ҳосили бозӯи халқи аъзам аст.
Ёдгор аз меҳнати озоди мо,
Меҳнати даврони мулкободи мо.
Менамояд шаҳдрез оби канал
Меваҳои боғро мисли асал.
Пахтазоронро зарафшон мекунад,
Манбаи тиллои рахшон мекунад.
Гӯшвори ҷӯй аз гул мешавад,
Дар сараш аз сабза кокул мешавад.
Ҳар касе хоҳад, ки омӯзад ҳунар,
Мон, ки бар ин сохтмон дӯзад назар.
Асрҳо софии оби ҷӯи мо
Мекунад ҳайрон рухи оинаро.
Акси доҳӣ мешавад дар рӯи об
Ҷилвагар як умр мисли офтоб.