Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман ошиқи Сабзина, Сабзина намебина,

Ман ошиқи Сабзина, Сабзина намебина, Ман ганҷаму ганҷина, Сабзина намебина. Мискинаму бечора, аммо зи ғамаш дорам Сад доғ дар ин сина, Сабзина намебина. Пок аст дилам валлоҳ чун оинаи рӯяш, Бар ин дили оина, Сабзина намебина. Дар собиқаи ишқаш собитқадам аз ман нест, Ман ошиқи дерина, Сабзина намебина. Савдозадаи рӯяш, расвошудаи кӯяш, Ин муфлису мискина Сабзина намебина.