Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бедил гумон мабар, ки насиҳат кунад қабул

Бедил гумон мабар, ки насиҳат кунад қабул, Ман гӯши истимоъ надорам, лиман яқул. То ақл доштам, нагирифтам тариқи ишқ, Ҷое дилам бирафт, ки ҳайрон шавад уқул. Охир, на дил ба дил равад, инсофи ман бидеҳ, Чун аст, ман ба васли ту муштоқу ту малул? Як дам намеравад, ки на дар хотирӣ, валек Бисёр фарқ бошад аз андеша то вусул. Рӯзе сарат бибӯсаму дар поят уфтам, Парвонаро чӣ ҳоҷати парвонаи духул? Гунҷишк бин, ки суҳбати шоҳинаш орзуст, Бечора дар ҳалоки тани хештан аҷул. Нафсӣ тазулу оқибата-л-амри фӣ-л-ҳаво, Ё мунятӣ ва зикрука фӣ-н-нафси ло язул. Моро ба ҷуз ту дар ҳама олам азиз нест, Гар рад кунӣ, бизоати музҷот, в-ар қабул. Эй пайки номабар, ки хабар мебарӣ ба дӯст, Ё лайт, агар ба ҷои ту ман будаме расул. Даврони даҳру таҷрибатам сар сафед кард, В-аз сар бадар намеравадам ҳамчунон фузул. Саъдӣ, чу пойбанд шудӣ, бори ғам бибар, Айёри дастбаста набошад магар ҳамул.