Гарди аҷзам, хушхиромон сарфарозам кардаанд,
Гарди аҷзам, хушхиромон сарфарозам кардаанд,
Саҷдаворе доштам, гардунтирозам кардаанд.
Занге аз шӯхӣ надорам, ҳайрати оинаам,
Инқадарҳо гулрухон таълими нозам кардаанд.
Софии дил бехудипаймонае дар кор дошт,
К-аз шуури ҳар ду олам бениёзам кардаанд.
Нестӣ сарчашмаи тӯфони ҳастӣ будааст,
Чун тилисми хок хилватгоҳи розам кардаанд.
Пеш аз ин сад ашк рангомезии дил доштам,
Ин замон як нолаи бедарди созам кардаанд.
Саҷдафарсуди хами таслими авзои худам,
Ҳам зи ҷайби хеш меҳроби намозам кардаанд.
Чашми шавқи улфатоғӯшист сар то пойи ман,
Сахт ҳайронам, ба дидори кӣ бозам кардаанд?
Аз ҳуҷуми барқтозиҳои ноз огаҳ наям,
Ин қадар донам, ки раҳме бар ниёзам кардаанд.
Бедилиҳоям далели имтиҳони беғашист,
Нестам қалбошно, азбас гудозам кардаанд.