Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Фақри моро машуморед кам аз олами теғ,

Фақри моро машуморед кам аз олами теғ, Ки буришҳост ба қадри тунукӣ дар дами теғ. Аҷзи мардон асари ғайрати дигар дорад, Пушт дар сина ниҳон мекунад ин ҷо хами теғ. То қазо оинаи маҷмаи имкон пардохт, Гардане нест, ки чун шамъ нашуд маҳрами теғ. Ғофил аз дард мабошед, ки дар арсаи ишқ Захмҳо ҳамчу ниёманд ҳама тавъами теғ. Аз қазо бехабарӣ, варна, дар ин арсаи ваҳм Сари фармонбари таслим надорад ғами теғ. Ҷуз ба таслим дар ин арса амон натвон ёфт, Чун маҳи нав сипар эҷод кунед аз хами теғ. Шарм дорад сари бемоя зи сомони ғурур, Чун ниёми тиҳӣ аз хеш гирифтам ками теғ. Ҷубн бар ҷавҳари ғайрат нагуморӣ, ё Раб, Зани ҳез аст, агар мард шавад мулзами теғ. Бедил, аз аҳли замон чашми тараҳҳум бардор, Гиря хун рехтан аст аз мижаи бенами теғ.
Фақри моро машуморед кам аз олами теғ, | Шоирон