Баҳор
Баҳор
он дил, ки хун гардад ба савдои гули рӯе,
Хутан фикре, ки бандад ошён дар ҳалқаи мӯе.
Саҳар оҳе, ки ҷӯшад бо ҳавои сайри гулзоре,
Гуҳар ашке, ки ғалтад дар ғубори ҳасрати кӯе.
Зи пойи мӯр то боли магас сад бор санҷидам,
Нашуд беэътибориҳои ман санги тарозӯе.
Чу гул имшаб ба он ранг обрӯ бар хеш меболам,
Ки пиндорӣ, ба хоки пойи ӯ молидаам рӯе.
Ба сад улфат фиребам дод, аммо доғ кард охир
Гуландоми суманбӯе, чаманранги шарархӯе.
Сари савдопараст оворагӣ то кай кашад, ё Раб?
Гирифтам, болише дигар надорам, кунҷи зонуе.
Талоши ҳиммат аз тарки тааллуқ
мешавад зоҳир,
Зи дунё нест дил бардоштан бе зӯри бозуе.
Зи дарди матлаби ноёб бар худ метапад ҳар кас,
Ҷаҳон гардест тӯфонбурдаи ҷавлони оҳуе.
Видоъи фурсати дидор бе мотам намебошад,
Зи мижгон чашми қурбонӣ парешон карда гесӯе.
Қади хамгаштае дар раҳни
сад уқбо амал
дорам,
Ба ин дунболадориҳо кам афтодаст абрӯе.
Ба номе маҳз қонеъ будан аст аз нақши мавҳумам,
Ки ман чун мӯйи чинӣ нестам ҷуз сояи мӯе.
Дар ин гулшан зи бас танг аст, Бедил, ҷойи осудан,
Нагардонид гул ҳам бе шикасти ранг паҳлӯе.