Имрӯз навбаҳор аст, соғаркашон биёед,
Имрӯз навбаҳор аст, соғаркашон биёед,
Гул ҷӯши бода дорад, то гулситон биёед.
Дар боғ бебаҳорем, сайре ки дар чӣ корем,
Гулбози интизорем, бозикунон биёед.
Оғӯши орзуҳо аз худ тиҳист ин ҷо
Дар қолаби таманно хуштар зи ҷон биёед.
Ҷуз шавқ роҳбар нест, андешаи хатар нест,
Хоре дар ин гузар нест, доманкашон биёед.
Фурсат шарарниқоб аст, ҳангомаи шитоб аст,
Гул пойдаррикоб аст, мутлақъинон биёед.
Гар хоҳиши фузулист, ҷуз ваҳм монеъаш кист?
Боғ аст, хонае нест, то меҳмон биёед.
Имрӯз омаданҳо чандин баҳор дорад
Фардо кирост уммед, то худ чӣ сон биёед.
Эй толибони ишрат, дигар куҷост фурсат?
Муфт аст файзи суҳбат, гар ин замон биёед.
Бедил ба ҳар табутоб мамнуни илтифотест,
Номеҳрубон биёд, ё меҳрубон биёед.