Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

РАНҶИ ДЕРИНА

Ҳосиле аз ҳунари ишқи ту ҷуз ҳирмон нест, Оҳ, аз ин дард, ки ҷуз марги манаш дармон нест. Ин ҳама ранҷ кашидему намедонистем, Ки балоҳои висоли ту кам аз ҳиҷрон нест. Ончунон сӯхта ин хоки балокаш, ки дигар Интизори мададе аз карами борон нест. Ба вафои ту тамаъ бастаму умр аз каф рафт, Он хаторо ба ҳақиқат кам аз ин товон нест. Ин чӣ теғ аст, ки дар ҳар раги ман захме аз ӯст, Гар бигӯям, ки ту дар хуни манӣ, буҳтон нест. Ранҷи деринаи инсон ба мудово нарасид, Иллат он аст, ки бемору табиб инсон нест. Сабр бар доғи дили сӯхта бояд чун шамъ, Лоиқи суҳбати базми ту шудан осон нест. Табу тоби ғами ишқат дили дарё талабад, Ҳар тунукҳавсаларо тоқати ин тӯфон нест. Соя, сад умр дар ин қисса ба сар рафту ҳанӯз, Моҷарои ману маъшуқи маро поён нест.