Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҒАЗАЛИ ТАН

Тани ту матлаъи тобони равшанойиҳост, Агар равони ту зебост, аз тани зебост. Шигифт ҳодисаи нодир аст муъҷизатабъ, Ки дар сарочаи таркиб чун туе орост. На тоби тан, ки бурун мезанад зи пироҳан, Ки аз зулоли танат ҷони равшанат пайдост. Кӣ ин чароғ дар ойинаи ту равшан кард, Ки осмону замин ғарқи нури ин симост? Зи боғи рӯи ту сад сурхгул чаро надамад, Ки обу ранги баҳорат равона дар рагҳост? Магар зи ҷони ғазал офаридаанд танат, Ки табъи тозапарастам чунин ба ӯ шайдост? На чашму дил, ки фурӯ монда дар гиребонат, Ки рӯҳ шефтаи он ду мисраъи шевост. Нигоҳи ман зи миёнат фурӯ намеояд, Ҳазор нуктаи бориктар зи мӯ ин ҷост. Ҳарифи вусъати ишқи ту синаи Сояст, Чу офтоб, ки ойинадори ӯ дарёст.