ДАРАИ АРӮСОН
Аз Душанбе чун бароӣ, кӯҳсор ояд зи пеш,
Кӯҳсори пуршукӯҳи обшор ояд зи пеш,
Қуллаҳои осмонбӯси Ҳисор ояд зи пеш.
Аз Душанбе чун бароӣ, қад-қади рӯди зулол
Меравӣ, гӯё зи паҳлӯят гузар дорад ғизол.
Меравӣ, аз ҳар ду паҳлӯят арӯсон бигзаранд,
«Волга»-ҳоро зеб дода, гулузорон бигзаранд,
Чун насими рӯдҳои шӯхҷарён бигзаранд.
Форам овози дафу чангу рубоб ояд ба гӯш,
Дил дарояд дар хурӯшу мот гардад ақлу ҳуш.
Духтарон пӯшида атлас, дилнавозӣ мекунанд,
Пеш-пеши келину домод бозӣ мекунанд,
Дар миёни хубрӯён сарфарозӣ мекунанд.
Як ҷаҳон ҳусну латофат дар бағал дорад дара,
Ошиқонро дафтари байту ғазал дорад дара.
Бин, чи гуна ин дара ҷои тамошо гаштааст,
Ҷои парвози нигоҳи мардуми мо гаштааст,
Кони ҳусни духтарони зеби дунё гаштааст.
Дил агар афтод дар ин кӯй, роҳаш гум кунад,
Ишқ агар лашкар кашад, охир сипоҳаш гум кунад.
Духтаронро ман ба сад ишқу ҳавас дорам назар,
Шод гардам аз саодатҳояшон мисли падар,
Чунки дорам ман ҳам уммед аз набера, аз писар,
Мерасад рӯзе, ки фарзанди мани дилбохта,
Бо арӯси хеш ояд, хонаро пур сохта…