Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

НОҚУС БАРОИ КӢ МЕЗАНАД?

Бонги ноқус дар дилам бархост, Ман саросемавору хоболуд, Ҷастам аз ҷо: Чӣ буд, оҳ чӣ буд? Рӯзи шодист, ё навои азост? Ҳеч кас лаб ба посухам накшуд. Бод ҷунбиду кушта шуд фонус, Шаб гаронбору тира чун кобус, Бонги ноқус дар дилам бархост. Оҳ, мепурсам аз худ: Ин чӣ навост, Аз барои кӣ мезанад ноқус?