Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ГУЗАШТАНИ СИЁВУШ БАР ОТАШ

Пурандеша шуд ҷони Ковуси кай Зи фарзанду Судобаи шумпай. Аз ин ду яке гар шавад нобакор, Аз ин пас кӣ хонад маро шаҳрёр? Чу фарзанду зан бошадам хуну мағз Киро пеш берун шавад кори нағз? Ҳамон беҳ, к-аз ин зишт андеша дил Бишӯям, кунам чораи дилгусил. Чӣ гуфт он сипаҳдори некӯсухун, Ки бо баддилӣ шаҳрёрӣ макун. Ба дастур фармуд, то сорвон Ҳаюн орад аз дашт сад корвон. Ҳаюнон ба ҳезум кашидан шуданд, Ҳама шаҳри Эрон ба дидан шуданд. Ба сад корвон уштури сурхмӯй Ҳаме ҳезум овард пархошҷӯй. Ниҳоданд ҳезум ду кӯҳи баланд, Шумораш гузар кард бар чуну чанд. Ба дур аз ду фарсанг ҳар кас бидид, Чунин ҷуст бояд балоро калид. Ҳаме хост дидан раҳи ростӣ, Ба кор - андарун кажживу костӣ. Чу ин достон сар ба сар бишнавӣ, Беҳ ояд туро, гар ба зан награвӣ. Ба гетӣ ба ҷуз порсозан маҷӯй, Зани бадкуниш хорӣ орад ба рӯй. Ниҳоданд бар дашт ҳезум ду кӯҳ Ҷаҳоне назора шуда ҳамгурӯҳ. Гузар буд чандон, ки ҷангисавор Миёнаш ба тангӣ бикардӣ гузор. Пас он гоҳ фармуд пурмоя шоҳ, Ки бар чӯб резанд нафти сиёҳ. Биёмад дусад марди оташфурӯз Дамиданд, гуфтӣ шаб омад ба рӯз. Нахустан дамидан сияҳ шуд зи дуд, Забона баромад паси дуд зуд. Замин гашт равшантар аз осмон, Ҷаҳоне хурӯшону оташ дамон.