Тавлид шавам агар дубора
Тавлид шавам агар дубора
Бо ин ҳама шавқу шӯру идрок,
Бо ин ҳама рои дилшиносӣ,
Бо ин дили оташину бебок;
Тавлид шавам агар дубора
Бо шӯру ҷунуни шоирона,
Бо ин ҳама рамзошноӣ,
Бо ин ҳама нағмаю тарона; –
Дониста ниҳам зи рӯи тадбир
Дар зиндагӣ пои хештанро,
Дар рӯи замини бекарона
Бишнохта ҷои хештанро.
Аз ҷумла хатои хеш ёбам
Тадбири дигар, тариқи дигар.
Аз ҷамъи ҳазор ёру ноёр
Бунёд кунам рафиқи дигар…
Тавлид шавам агар дубора
Дар соҳили рӯд хона созам.
Биншаста ҳамеша дар лаби рӯд
Рӯҳу дили хешро навозам.
Андар лаби об ҳамчу Ҳофиз
Умри гузарон азиз дорам.
Бо хирасарони булфузуле
Аз шеъру адаб санад наёрам.
Тавлид шавам агар дубора
Такрор кунам ба шодмонӣ
Он чор хатои шоирона,
Он чор хатои ҷовидонӣ:
Ман боз хурам шароби гулгун,
Ман боз ба шеър ишқ орам,
Дилро бикунам зи ишқ зардоб,
Дар зонуи ёр сар гузорам…