Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

ИНҚИЛОБ

(Ба журнали «Шуълаи инқилоб») Инқилоб офтобро монад, Ё ки тӯфони обро монад. Нашри анвор мекунад ба ҷаҳон, Инқилоб офтобро монад... Пеши тӯфони инқилоб ҷаҳон Пеши тӯфон ҳубобро монад. Мавсими инқилоб рӯйи замин Ҳолати изтиробро монад. Аҳли бедод мерасад ба ҷазо, Арасоти ҳисобро монад. Оқибат Шарқ мешавад бедор, Гарчи ин фикр хобро монад. Орзӯе, ки дошт шоҳи Фаранг Ба назарҳо саробро монад. Шарарафшонии найи килкам Шуълаи инқилобро монад.