Ёди абрӯи каҷе зад ба дили мо нохун,
Ёди абрӯи каҷе зад ба дили мо нохун,
Мавҷ шуд баҳри ҷигарковии дарё нохун.
Саъйи тардастии мутриб чӣ қадар пурзӯр аст,
Мешикофад ҷигари санг дар ин ҷо нохун.
Ғунчае нест, ки авроқи гулаш дар бар нест,
Ҳар гиреҳрост ба сад ранг муҳайё нохун.
Сурати қадди дуто ҳалли муаммои фаност,
Уқда боз аст кунун, кардаам иншо нохун.
Бетамизон ҳама ҷо қобили беруни даранд,
Барканор аст зи ҳангомаи аъзо нохун.
Худсариҳо чӣ қадар ҳарзаталош аст ин ҷо,
Медавад рӯ ба ҳаво бо сари бепо нохун.
Беҳисӣ баски дар ин шӯразамин коштаанд,
Мӯю дандон дамад аз пайкари мо ё нохун?!
Халқи бекор зи бас шефтаи сархорист,
Ҳамчу ангушт нишондаст ба сарҳо нохун.
Гираҳи ришта дигар, уқдаи маънӣ дигар аст,
Чӣ хаёл аст, кунад ҳалли муаммо нохун?
Мавҷи ин баҳр фурӯмондаи сунъи гуҳар аст,
Нест дил бастаи коре, ки кунад во нохун.
Ғофил аз нашвунумо нест камини офот,
Сар буридан накунад қатъи вафо бо нохун.
Ҷавҳари коркушоӣ алами эҳсонҳост,
Мекунад дасти баланд аз ҳама боло нохун.
Бедил, аз давлати дунон ба тағофул бигузар,
Ҳеҷ накшояд, агар сар кашад аз по нохун.