ҚИМОР
Дарси ҳастӣ аз китоби рӯзгор омӯхтам,
Ҳар чӣ бинӣ, ман аз ин омӯзгор омӯхтам.
Қомати сарв аст сармашқам ба сар хуш зистан,
Соя густурдан ба ёрон аз чинор омӯхтам.
Ҳасту буди хешро додам, ки хандад ғунчае,
Ин саховатро зи абри навбаҳор омӯхтам.
Дар дили зулмат нишастан чашм дар роҳи шафақ,
Аз нигоҳи ахтари шабзиндадор омӯхтам.
Раҳбарам дар ҳарзагӣ бод аст, дар гармӣ шарор,
Гиряи хомӯшро аз чашмасор омӯхтам.
Мавҷро чун ёфтам бо сахра дар ҷангу гурез,
Ҳам набарди бедареғу ҳам фирор омӯхтам.
Бохтам ҷонро ба як лабханду Фонӣ хушдилам,
Аз бисоти ишқбозон ин қимор омӯхтам.