Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

ЁДИ МОЗӢ

ЁД бод он дам, ба ғафлат истироҳат доштам, Не ғами ислому не парвои миллат доштам. Шод будам, то зи аҳли илм будам бехабар, Бо ҷаҳолатпешагони даҳр улфат доштам. Баҳри фаҳми хутбаву дебоча мекардам ҷадал, Бо касе гар филмасал аз илм суҳбат доштам. Аз макотиб бо сияҳчоҳе ризомандим буд, Аз мадорис бо хароботе қаноат доштам. Хештанро аз ҳама масъуд мекардам гумон, Танбалу отил ба кунҷе истиқомат доштам. Нафъи халқуллоҳ кай мекард бар ёдам гузар, Баҳри нафъи хеш бо ёрон хусумат доштам. Тарки кори дину дунё саҳл мепиндоштам, То ба лаъби тахтаи шатранҷ одат доштам. Ғофил аз таърихи исломию аҳволи умам, Аз ҳикоятҳои «Зулобӣ» ҳикоят доштам. Гаҳ ба айёрию доғулӣ ба ҳайрат мешудам, Гаҳ зи меҳри ёди ялдо иститоат доштам. Буд ҷойи рӯзнома «Замчинома» бар кафам, Бо камоли шавқ «Абӯмуслим»2 қироат доштам. Рӯзгор охир зи хоби ғафлатам бедор кард, Чун ба худ дидам, зи ҳоли худ хиҷолат доштам. «Тарҷумонӣ кард «Аҳволи замон» аз ҳоли ман, «Вақт»3-ро дар пеши худ миръоти ибрат доштам. Дар ҷароидномаи аъмоли худ дидам аён, Нек санҷидам, ки як олам қабоҳат доштам. Отил – бекормонда. «Зулобӣ», «Замчинома», «Абӯмуслим» – қиссаҳои машҳури он замон. «Тарҷумон» ва «Вақт» – рӯзномаҳои тоторӣ.