Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ИШҚИ ҲАЗОРСОЛА

Кист, ки аз ду чашми ман дар ту нигоҳ мекунад? Ойинаи дили маро ҳамдами оҳ мекунад. Шоҳиди сармадӣ туӣ в-ин дили солхӯрди ман, Ишқи ҳазорсоларо бар ту гувоҳ мекунад. Эй маҳу меҳр рӯзу шаб ойинадори ҳусни ту, Ҳусн ҷамоли хешро дар ту нигоҳ мекунад. Дил ба умеди марҳаме, к-аз ту ба хастаӣ расид, Нола ба кӯҳ мебарад, шиква ба моҳ мекунад. Боди хуше, ки мевазад аз сари мавҷи бодаат, Кӯҳи гарони ғуссаро чун пари коҳ мекунад. Он кӣ ба расми каҷравон сар зи хати ту мекашад, Ҳар рақаме, ки мезанад, нома сиёҳ мекунад. Мояи айшу хушдилӣ дар ғами ӯст, Соя , ҷон, Он кӣ ғамаш намехӯрад умр табоҳ мекунад.