Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ин чӣ товусии ноз аст, ки андӯхтаӣ?

Ин чӣ товусии ноз аст, ки андӯхтаӣ? Пой то сар ҳама чашмию ба худ дӯхтаӣ. Барқи найранг ба ин ҷилва қиёмат дорад, Шуъла дар пардаи санг асту ҷаҳон сӯхтаӣ. Равнақи чорсуи даҳр зи колои дилест, Ку дуконе ки ту ин оина нафрӯхтаӣ? Оташе мунфаилу дуд замингири ҳаёст, Лола гул карда, чароғе ки ту афрӯхтаӣ. Суфу атлас ба назар нози табахтур дорад, Пинае чанд, ки бар далқи гадо дӯхтаӣ. Фитрат об аст, зи изҳори камоле ки турост, Санъати шишагарони арақ омӯхтаӣ. Бедил, андешаи Туру шаҷари Айман чанд? Оташе нест дар ин ҷо, ту нафас сӯхтаӣ.