Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ФИҒОНИ ҒАРИҚ

Доғ гулпӯш кардааст маро, Нола мадҳуш кардааст маро. Нағмаи шавқи бисмилат нозам, Ҳайратоғӯш кардааст маро. Чун фиғони ғариқи ғайри худам, Кай касе гӯш кардааст маро? Умрҳо шуд ба доди бедардӣ, Ғам фаромӯш кардааст маро. Ғафлати зиндагӣ чу шишаи май, Пунбадаргӯш кардааст маро. Чун ҳубобам, надомати ҳастӣ Хонабардӯш кардааст маро. Фонӣ, имшаб шароби гуфторат, Ғофил аз ҳуш кардааст маро.