Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман агар махмурам, аз он чашми махмури туам,

Ман агар махмурам, аз он чашми махмури туам, Ман агар мағрурам, аз он ҳусни мағрури туам. Ташнаи васли туам бо ин ҳама дарёдилӣ, Бо ҳама бинодилӣ як ошиқи кӯри туам. Рӯзу шаб чашму дилам саршори дидори ту аст, Бо ҳама унсу қаробат гарчи раҳдури туам. Аз лаби ширини ту талхии умрам нақд шуд, Шӯрии бахт аст, агар ин қадр пуршӯри туам. Бо ҳама дурӣ ба дил дорам тасалло ин қадар, К-аз миёни мисраҳои шеър манзури туам.