Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Хабарат ҳаст, ки бе рӯи ту оромам нест

Хабарат ҳаст, ки бе рӯи ту оромам нест, Тоқати бори фироқ ин ҳама айёмам нест?! Холӣ аз зикри ту узве, чӣ ҳикоят бошад? Сари мӯе ба ғалат дар ҳама андомам нест. Майли он донаи холам назаре беш набуд, Чун бидидам раҳи берун шудан аз домам нест. Шаб бар онам, ки магар рӯз нахоҳад будан, Бомдодат ки набинам, тамаъи шомам нест. Чашм аз он рӯз ки бар кардаму рӯят дидам, Ба ҳамин дида сари дидани ақвомам нест. Нозанино, макун он ҷавр, ки кофир накунад, В-ар ҷуҳуде кунад ин, баҳра зи исломам нест. Гӯ, ҳама шаҳр ба ҷангам бадар оянду хилоф, Ман ки дар хилвати хосам, хабар аз омам нест. На ба зарқ омадаам, то ба маломат биравам, Бандагӣ лозим, агар иззату икромам нест. Ба Худову ба саропои ту, к-аз дӯстият Хабар аз душману андеша зи дашномам нест. Дӯстат дорам, агар лутф кунӣ ё накунӣ, Ба ду чашми ту, ки чашм аз ту ба инъомам нест. Саъдиё, номутаносиб ҳаявоне бошад, Ҳар кӣ гӯяд, ки дилам ҳасту дилоромам нест.